НБО «Роғун» бузургтарин иншооти аср ба ҳисоб рафта, дар ҳоли пурра ба истифодадиҳӣ он баробар ба тамоми неругоҳҳои мамлакат қувваи барқ истеҳсол мекунад.
Бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳайати беш аз 30-нафараи рӯзноманигорон дар доираи Корвони иттилоотии журналистон 29-уми октябр, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инъикоси ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти сохтмончиён ба мавзеи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафарбар шуданд.
Рӯзноманигорон зимни сафар бо мусоидати маъмурияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо фаъолияти сохтмони ин иншооти муҳими стротегии аср шинос гардиданд.
Гуфта шуд, расо 8-сол пеш 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ паси чамбараки булдозер нишаста ҳудуди якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.
То имрӯз дар ин корзори аср корҳои зиёде анҷом ёфт. Он мавзеъ ва дигар ҷойҳое, ки корҳои сохтмони анҷом меёфт бинобар сабаби баланд шудани сатҳи об зери об мондаанд.
Аз ин лиҳоз Корвони иттилоотии журналистон бо мақсади қадр кардани заҳмату қаҳрамонии муҳандисону кормандони он тамоми ҷараёни корҳоро аксу навор гирифта, расонаӣ мекунанд ва ин ҳолати корро дар бойгонии худ нигоҳ медоранд.
Қайд гардид, ки тавассути ду агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз солҳои 2018 – 2019 то имрӯз 7,5 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст. 27 сентябри соли равон, ҳамчунин, хатти интиқоли барқи 220-киловолта аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун»» то зеристгоҳи «Роғун» ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон иттило дода шуд, ки дар давоми солҳои 2008-2024 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст. Ҳоло бошад дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолияти шабонарӯзӣ мекунанд. Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 адад расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023—2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шуданд.
Дар толори мошинҳо, ки яке аз иншооти асосии НБО «Роғун» ба шумор меравад, кормандону муттахассисон бо ҷушу хуруш пайи кор буда, кушиш намуда истодаанд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ва дар вақти муайянгардида ба анҷом расонанд.
Таркиби бетону оҳан пеш аз истифода дар сохтмони НБО «Роғун» дар ташхисгоҳҳои иншоот санҷида шуда, баъдан барои сохтмон иҷоза дода мешавад, ки ин яке аз хусусияти муҳими корҳои сохтмонӣ мебошад. Таҷҳизоти таҳлилгоҳҳо бошад пурра аз давлати Олмон дастрас гардида кафолати баланд доранд.
Бунёди неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудааст, ки амалисозии онҳо ба ҳамдигар вобастагии мустақим дорад.
Боиси зикр аст, ки неругоҳи барқи обии «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат буда, қудрати ҳар кадоми онҳо 600-мегаваттиро ташкил медиҳад. Сарбанди НБО «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стротегӣ дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ ва боз ҳам баланд грдидани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми бузург мегузорад.
Корҳои сохтмони бо истифода аз шароиту имкониятҳои иқтисодиву молиявӣ ва техникаву технологияҳои замонавӣ, инчунин, бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ҷараён дошта, итминони комил аст, ки иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатман дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода мешаванд. Зеро ин иншооти энергетикӣ баҳри ҳарчи зудтар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва зиндагии шостаи сокинони мамлакат заминаи воқеи мегузорад.