Пахтакорони Левакант дар вилояти Хатлон аввалин шуда нақшаи истеҳсоли ин ашёи хоми саноатиро барзиёд иҷро намуданд.
Мирзоалӣ Қаландарзода, сармутахассиси бахши кишоварзии шаҳр, иброз намуд, ки соли равон хоҷагиҳои пахтакори шаҳр дар майдони 1030 гектар пахта кишт намуда, то 17-уми октябри соли равон 2460 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд. Ин нишондод 104 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
Номбурда иттилоъ дод, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 24 — сентнерӣ рост омада, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ деҳқонон аз иҷрои нақша сарбаландона баромаданд.
- Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст. Масъулини хоҷагиҳои пахтакор азм доранд, ки аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, ҳосили дар саҳро бударо то кӯраки охирин беталаф ҷамъоварӣ намоянд, — афзуд М. Қаландарзода.