Шоми 27-уми октябр, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабинии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон, бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-и шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, дар яке аз майдончаҳои хурди варзишӣ байни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Шӯрои ҷамъиятӣ, мусобиқаи шаҳрии футболи хурд баргузор гардид.

 

Дар даври ниҳоии мусобиқа раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди РВКД-и вилояти Хатлон-Шоназаров Лоҳутӣ, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-Зарифӣ Зафар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант-Шодихон Сафарзода ва дигар масъулин иштирок намуда, ба дастаҳо барои дарёфти Ҷоми Шӯрои ҷамъиятӣ барор хостанд.

Бояд гуфт, ки футбол барои пешгири аз ҷиноят, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, барқарор намудани риштаи дӯстии ҷавонон ва ҳатто давлатҳои ҷаҳон ва ҷалби васеи ҷавонон ба ин намуди варзиш нақши калон мебозад.

Ҳамин тариқ дар даври финалии мусобиқаи шаҳрӣ дастаи «Ҷавонон»-и шаҳри Левакант ва дастаи «Навобод»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо ҳам сабқат намуданд. Бози аз тарафи ҳарду даста ҷараён гирифт ва бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи дарсати «Ҷавонон» анҷомид.

Ниҳоят дар ин мусобиқа ҷойи аввал насиби дастаи «Ҷавонон», ҷойи дуюм насиби дастаи «Навобод» ва ҷойи сеюмро футболбозони дастаи МДМВ-и шаҳр соҳиб шуданд.

Дастаи «Ҷавонон»-и шаҳри Левакант соҳиби Ҷом, Дипломи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Дастаҳои футболбозони «Навобод» ва МДМВ низ бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Аз ҷониби қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардадани 25-май бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бори дигар гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ва ҷавонони он ба футбол майлу рағбати беандоза доранд.