25-уми октябр, дар Литсейи давлатии рақами 2-и шаҳри Левакант, тибқи нақшаи муассиса бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои маърифатӣ ва адабию фарҳангӣ гузаронида шуд.
Дар ин чорабиниҳо намояндагони бахши маорифи шаҳр, масъулин ва омӯзгорону хонандагони Литсей иштирок намуданд.
Дар қисмати аввал аз фанни забони англисӣ дарси кушод гузаронида шуд, ки он аз виктарина, саволу ҷавоб ва бозиҳои гуногун иборат буд.
Сипас намоиши маҳсулоти кишоварзи дар доираи чорабиниҳои Тирамоҳи заррин, ҳунарҳои миллию мардуми аз тарафи хонандагон манзур гардид.
Ҳамзамон аз тарафи хонандагон либоси миллӣ, расму оин, ананаи ниёгон ва ананаи мардуми ғарб бо рақсу суруди тоҷикию аврупоӣ манзури тамошобинон гардонида шуд.
Директори Литсей-Шарипов Искандар меҳмонон ва омӯзгорону хонандагонро ба Иди меҳргон ва сисолагии Конститутсия табрик намуда, барои дар чунин сатҳ гузаронидани чорабиниҳои мактабӣ ба омӯзгорону хонандагон сипосгузорӣ намуд.