Дар ҳошияи сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллию санаҳои таърихӣ, Маҷидзода Сарвиноз-Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Левакант, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

 

Суҳбати ин вохӯриро муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло оғоз бахшида тамоми иштирокдоронро ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ӯ зимни баромади худ зикр кард, ки 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки мо имрӯз дар остонаи 30-юмин солгарди он қарор дорем ва ин саннаи барои халқи тоҷик муқаддасро бо шукуҳу ҷалоли хосса ҷашн хоҳем гирифт.

Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Бохтар-Маҷидзода Сарвиноз, ба сухан баромада иштирокдорони вохӯриро ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Ӯ зикр намуд, ки ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023, Соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон доштанд, ки ин бори дигар моро ба пурратар аз худ намудани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда водор намуд.

Дар идомаи суханронии худ Маҷидзода Сарвиноз иброз дошт, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Ҳамзамон раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло ва дигар иштирокдорон ба сухан баромада аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва маҳз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини адолати иҷтимоӣ баромад карданд.

Воқеан ҳам дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.