Масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант бо ҷалби ҷавонони деҳаи Нурафшони ҷамоат дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои ободони камар бастаанд.

 

Дар чанд рӯзи охир ҷавонон тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона наздики 2-километр роҳи кӯчаи асосии деҳаро сангфарш намуда, азм доранд, ки дар кутоҳтарин фурсат онро мумфарш намоянд.

Сокинони деҳа мегуянд, ки роҳи кӯчаи марказии деҳа ягона роҳест, ки онҳо ба дигар самтҳо ҳаракат мекунанд. Дар тобистон хок ва дар зимистон лойи кӯча то зону мерасид, ки ин машақатро ба инобат гирифта ҷавонон дар ободии роҳи маҳала саф кашиданд.

Инчунин чанде пештар бо саҳми шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва ҷавонони деҳа дар қисмати болои маҳала чоҳи об ва нуқтаи тақсимоти об сохта ба истифода дода шудааст, ки 50-сокини деҳа аз он истифода мебаранду дар назди ҳар хона ҷумаки об ҳасту доими бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд гуфт зимни суҳбат бо мо раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Фарух Султонов. Инчунин ӯ иброз дошт, ки чунин корҳои ободониро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама деҳаҳои қаламрави ҷамоат бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша, соҳибкорони маҳалӣ, ҷавонон ва сокинон ба роҳ мондаем ва кушиш менамоем, ки ин ҷашни бузурги миллиямонро бо дастоварҳои назарраси меҳнатӣ сазовор истиқбол гирем.