18-уми октябр, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Шодихон Сафарзода ва дигар фаъолон бо кормандони ҶСК “Азот” хусусан занону бонувони ин коргоҳи бузурги саноатии шаҳр вохӯрӣ гузарониданд.
Мақсади ин вохӯрӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” пешгири аз бегонапарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, риояи тартибу низом ва пушидани либоси ягонаи корию миллӣ, пешгири аз қонуншиканиҳо дар самти танзим, пешгири аз хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар мавзуҳои доғи рӯз буда, гурӯҳи корӣ дар ин самт ботафсил фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Инчунин зикр шуд, ки фаъолият намудани занону бонувони тоҷик дар чунин як корхонаи бузурги саноатӣ худ қаҳрамонист, аммо риояи талаботҳои корӣ дар ҳаёти ҳаррӯза аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъулияти баландро талаб менамояд. Бахусус нақши занон дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа хеле бузург аст. Аз ин лиҳоз ҳар як зан бояд дар ҷомеа нақши бузурги тарбиятгарии худро иҷро намояд.
Ҳамзамон вобаста ба таъғиру иловаҳои нав дар қонунҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгири аз қоидавайронкуниҳо дар доираи қонунҳои миллӣ шарҳ дода шуд.
Дар ҳамин вохӯрӣ масъалаҳои ташкили Комиссияи доимии танзим ва Шурои занон дар ин коргоҳи бузурги саноатӣ мавриди матраҳ қарор гирифт.