16-уми октябри соли ҷорӣ меҳнаткашони шаҳри Левакант, бо иҷрои 100,4 фоизи нақшаи дурнамо, аввалин шуда дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои пахтасупорӣ сарбаландона баромадаанд. Ба ин муносибат 18-уми октябр, дар саҳни қасри фарҳанги шаҳри Левакант, чорабинӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини аввали раиси вилояти Хатлон-Мирзозода Музафар, масъулини самти кишоварзӣ, хоҷагидорон ва роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд.

Муминзода Мастура Табарӣ зимни баромади худ ба тамоми меҳнаткашони шаҳри Левакант, барои иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи дурнамои ҷамъоварии пахта изҳори сипос намуд. Ӯ дар ин маъракаи муҳими ҳосилғундорӣ нақши хоҷагиҳои пахтакори “Зарзамини Левакант”, “Умедҷон”, “Баракати Боҳтуробод”, “Бобои Муҳриддин”, “Муҳаммадҷон”, “Эмомов Абдусаттор”, “Бобои Рустам” ва чанди дигарро хеле хуб арзёби намуда, зикр кард, ки хоҷагиҳои мазкур дурнаморо аз 100 то 103 фоиз ва ҳосилнокиро аз 24 то ба 26 сентнерӣ расонидаанд, ки ин боиси таҳсин мебошад.

Ҳамзамон муовини раиси вилояти Хатлон-Мирзозода Музафар ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, меҳнаткашону хоҷагидорон баҳри ҷамъоварӣ ва иҷрои нақшаи дурнамои ҳосили пахта изҳори сипос намуда, зикр кард, ки шаҳри Левакант дар ҷамъоварии тиллои сафед намуна буда, ҳамасола нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунад, ки ин ифтихори вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.

Инчунин дар чорабинӣ хоҷагиҳои пешсафи пахтакор бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант сарфароз дониста шуданд.

Боиси қайд аст, ки кишоварзони шаҳри Левакант соли ҷорӣ дар майдони 1030 гектар замини ҳудуди 53 хоҷагӣ тибқи дурнамо бо истифода аз тухмиҳои хушсифати хориҷию ватанӣ ва бо риояи талаботҳои агротехникӣ кишти пахта гузаронида, 16-уми октябри соли ҷорӣ аввалин шуда дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои пахтасупорӣ сарбаландона баромадаанд. Меҳнаткашон ба ҷойи 2460 тонаи дурнамои пешбинигардида ба миқдори 2461 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нишондод нисбати дурнамо 100, 4 фоизро дар бар гирифта, ҳосилноки бошад аз ҳар як гектари майдони пахтазор ба 23,9 сентнерӣ расонида шудааст.

Ҳануз дар саҳро ҳосили пахта фаровон буда, барзгарон азм доранд, ки то охирин кураки онро ҷамъоварӣ намоянд.