Имрӯз 15-уми октябр, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳҳи корӣ иборат аз раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзои фаъоли Ташкилот-полковник Мастов Абдулҳаким, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода бо сокинони деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти “Гулистон” вохӯрӣ намуданд.

 

Дар вохӯрӣ гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз-пешгирии ҷавонон аз ҷиноят, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзанд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, пешгири аз бегонапарастӣ ва пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, ҷалби аҳли ҷомеа ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад ва фаҳмондадиҳӣ карданд.

Инчунин аз тамоми иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои ободонӣ саҳмгузорӣ намуда, фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.