5-уми октябр, дар Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Левакант”–и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамбастагии бо прокуратураи шаҳри Левакант бо мақсади истиқболу сазовор таҷлил намудани ҷашни “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгор” ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур прокурори шаҳри Левакант Зоирзода Комилҷон, ёрдамчии прокурори шаҳр- Абдураҳмонзода Шамил, директори Донишкада-Баротзода Шарифхон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғоз Зоирзода Комилҷон прокурори шаҳр-Зоирзода Комилҷон ба сухан баромада, тамоми иштирокдоронро ба ин рӯзи фархундаи миллат шодбош намуд. Сипас вобаста ба нақшу мавқеи забон дар сиёсати давлат баромад намуда, гуфт, боиси шукргузорист, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишварамон муваффақона татбиқ мешавад ва масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Инчунин дар ҳамин фазои тантанавӣ омӯзгорони фаъолу собиқадор қадршиносӣ шуда, сипас аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

НИЁЗӢ