Имрӯз 7-уми октябр, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинӣ иборат аз масъулини бахши кор бо занон ва оила, мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази ВНМО ҷиҳати таблиғу ташвиқи ободонию созандагӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, ҷалби аҳли ҷомеа дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонону наврасон, пешгири аз омилҳои номатлуб, одатҳои бад ва бемориҳои сироятӣ дар кӯчаҳои Борбад 27 ва 29-и маркази шаҳр бо аҳолӣ суҳбатвохӯрӣ гузарониданд.
Дар ин вохӯрӣ бештар занону бонувон ҷалб шуданд, зеро занону бонувон асоси тарбия дар оила ва ҷомеа мебошанд.
Аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳар сокини шаҳр даъват ба амал оварданд, ки дар пешгирии омилҳои бади экстремизму терроризм, хурофот, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, ҷиноятҳои авбошӣ, дуздӣ, одатҳои бад бетараф набошанду саҳми худро дар ободонию пешрафт гузоранд.
Инчунин баҳри пешгири аз бемориҳои сироятии зуком, ВНМО, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, фарбеҳӣ аз тарафи мутахассисон тавсияҳо дода шуд.