Дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи омӯзгор, баҳри арҷгузорӣ ба осори таърихӣ, бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, роҳбарон ва аъзоёни Ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ-и шаҳри Бохтар, ки асосан Ташкилотҳои ибтидоии соҳаи маориф буданд аз «ОСОРХОНА»-и Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант дидан намуданд.
Олимзода Низора-раиси КИ ҲХДТ, меҳмононро пазироиӣ намуда, ба ҳар як толори «ОСОРХОНА» шинос намуд ва таклиф кард, ки минбаъд низ бо даст додани фурсат ин анъанаро идома дода, аз мавзеъҳои сайёҳи ва дигар ёдгориҳои таърихии шаҳри Левакант дидан намоянд.
Бояд гуфт, ки «ОСОРХОНА»-и мазкур, аз толори пазироӣ, толори хотироти даврони ҷавононӣ, толори китобхона, синфхона, толорҳои муносибатҳои дохилию байналмилалӣ, аксу хотироти даврони ҷавонӣ, асарҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошанд.
Меҳмонон аз ҳар як толор дидан намуда, бо худ ғизои маънавию таърихӣ гирифтанд. Ҳато хоҳиши дубора ба ин даргоҳ омаданро бо хонаводаҳояшон карданд.