Дар асоси мактуби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сари вақт ва бетелаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, ТҶҶ “Созандагини Ватан”, ва тамоми аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, бо истифода аз ҳавои мусоид ба дастгирии деҳқонони шаҳр баромада дар сафи заҳматкашону ҳосилгирандагони тиллои сафед камари ҳиммат баста ба онҳо баҳри бетелаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили дастранҷашон кӯмак расонида истодаанд.

 

Ҳамагон итминони комил доранд, ки бо хитоба ва ҷонибдории ин иқдоми саривақти ва дурандешона дар рушду намо ва сатҳи иқтисодии давлату миллати хеш каме ҳам бошад нақши худро мегузоранд.

Бояд гуфт, ки ин гуна ҳашарҳои дастаҷамъона фардо низ идома ёфта, барзгарону сокинони шаҳр азм доранд, ки то кураки охирини тиллои сафедро ҷамъорӣ намоянд.