Тибқи Нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ҳамбастаги бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКСК”-и шаҳри Левакант санаи 05 октябри соли равон дар толори ташкилоти ибтидоии мазкур, бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр – Олимзода Низора, сармуҳарири рӯзномаи шаҳрии “Нури Сарбанд” – Ашуров Орзу, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – Вализода Берди Раҷаб, адиби шаҳри Левакан - Раҳматуллои Исматӣ, фаъолони шаҳр, доншчӯён ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Конференсияи илмӣ баргузор карда шуд.

 

Ҳадафи баргузории Конференсия ҳифз ва арҷгузории забони давлатӣ арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки имсол таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба тасдиқу амалишавии 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҷлили 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр – Олимзода Низора иброз дошт, ки «дар шароити пуртазоди печидаи ҷоҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дошта, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад. Шукрона бояд кард, ки чунин бахту иқболи баланд баъди солиёни зиёд ба тоҷикон бори дигар насиб гардида, аз файзу баракати он давлат сиёсати худро дар қатори дигар кишварҳои олам мустақилона амалӣ менамояд».

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои дурахши дубораи забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имконияти фаровон муҳайё намуд.

Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст, ки дар пойдорӣ ва суботу давлати миллӣ мақому нақши муҳим дошта, забони миллату ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон гардидааст.

Дар ҳамоиш доншҷӯён ва омӯзгорон вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳаи забоншиносӣ маъруза намуданд. Ҳамзамон дар ҳамоиш даъват гардид, ки барои рушди забони тоҷикӣ ва саҳм гузоштан дар ҳифзу нигаҳдошти он бетараф набошанд.