7-уми октябр, директори Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Левакант-Ҷаҳонгири Бобоҷон бо варзишгарони Муассиса, ҷавонону наврасон доир ба пешгирии омилҳои номатлуб ва одатҳои бад вохӯрӣ гузаронид.

 

Дар ин суҳбатвохӯрӣ Ҷаҳонгири Бобоҷон ба ҷавонону наврасон таъкид намуд, ки варзишгар бояд пеш аз ҳама ба дигарон ҳурмату ҳтироми баланд дошта бошад. Ба омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, ҷиноят ва дигар одатҳои бад даст назанад. Ватандӯсту хештаншинос буда, ҳамеша кушиш намояд, ки ба воситаи варзиш ватани худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Зеро варзиш муарифгари давлату миллат ба ҳисоб меравад.