Тибқи нақша-чорабинии муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр, тариқи усули “Хона ба хона” дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” бо занону бонувон вохӯрӣ ва суҳбату фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ аз тарафи фаъолон гуфта шуд, ки имрӯзҳо амалҳои номатлуб, ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, нашъамандӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, хушунатҳои хонаводагӣ ва як қатор мавзуҳои доғи рӯз ҳастанд, ки ба пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон халал ворид месозанд. Занону бонувон имконияти бузург доранд, ки бетараф набуда дар пешгирии чунин амалҳо саҳм дошта бошанд. Чун занон тарбиятгари насли наврасу ҷавон ва умуман ҷомеа буда, дар таълиму тарбия нақши бузург доранд.
Таъкид шуд, ки модарону занони мо бояд насли наврасу ҷавонро дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ба воя расонида, дар дили ҷавонон ғурури миллиро бедор созанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Инчунин дар масъалаи тозагию ободонӣ, пешгири аз бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ таъкидҳои махсус карда шуд.