Паёми шодбошии раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам низ муҳимтарин муқаддасот, рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ, нишони соҳибихтиёрии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад.

 

Дар ҳаёти ҳар як давлату миллат парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дошта, аз ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза барои зиндагии арзандаю инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ дарак медиҳад.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ба хусус ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталифи то ба замони мо расида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст.

Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ маъруф аст. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллию давлатии ниёгони тоҷикон буд, ки ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо кардаанд.

Барои миллати мо парчам ҳамеша ҳамчун таҷассумгар ва ҳидояткунандаи мубориза барои озодию истиқлол буд, ки чанд ҳазор сол пеш Коваи оҳангар пешдомани худро парчам сохта, зери он мардумро муттаҳид намуд, ки Парчами Кова ба ниёгони мо қувваву неру бахшида, бар зидди зулму ситам ва ноадолатиҳои замон бархоста, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Парчами миллӣ, ки зодаи тафаккури баланди даврони давлатсозӣ аст, имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз ғановати тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадимтарин миллати Осиёи марказӣ-тоҷикон, ки ҳарчанд бо сабабҳои гуногун чандин аср аз давлатдории худ маҳрум буданд, тавонистанд, ки истиқлоли фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта, онро аз нав эҳё намоянд.

Миллати тоҷик, миллати тамаддунофар буда, барои рушди давлатдорӣ, фарҳангу тамаддуни қавмҳои дигари минтақа низ нақши муассир гузошта, боз соҳиби давлат шуд ва худро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Дар ҳақиқат дар ҷаҳон давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёре вуҷуд надорад, ки соҳиби парчам набошад.

Дар давлатдорӣ, баргузории чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва инчунин, дар муносибатҳои байналмилалию ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар яки мо Парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Аз ин ҷост, ки дар тамоми кишварҳои дунё ба Парчами миллии худ арҷу гузошта, бо он фахр мекунанд.

Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат рӯйдоди бағоят муҳим мебошад.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ливои озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо баландии 165 метр сохта шуд, ки дар ҷаҳон баландтарин буда, матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад ва ин ифтихори миллати тоҷик аст, ки баландтарин манораи Парчами давлатиамон дар китоби Гиннес ворид карда шудааст. Инчунин, боиси ифтихор аст, ки дар маркази шаҳри Левакант низ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 41 метр қомат афрохт.

Ҳамватанони азиз!

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам гардида истодааст.

Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд.

Хушбахтона, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар бинои созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгир гардидааст, ки ин мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату ҳуввият ва дастоварди бузурги миллӣ буда, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад.

Бинобар ин лозим аст, ки ба ин дастоварди миллӣ ҳамеша эҳтиром гузорем, онро муқаддас донему бо арҷгузорӣ ба он ваҳдати милливу якпорчагии кишвари азизамонро таҳким бахшем, ҳифзу нигаҳдошти парчамро рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ватандорӣ донем.

Дар ҳамаи маврид шароит муҳайё намоем, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, арҷ гузоштан ба парчаму парчамдории миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем.

Агар мо имрӯз тавонем, ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, фардо он бузургтарин сабақе хоҳад буд, ҷиҳати пос доштани муқаддасоти миллӣ ва рушду такомули сулҳу ваҳдат.

Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи Парчами миллиро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, дар ин рӯзи таърихӣ ба ҳар як хонадони тоҷику Тоҷикистонӣ хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландию сарфарозиро орзу менамоям.

Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони соҳибистиқлолӣ дар дилу дидаи ҳар як сокини шаҳр маъво дошта бошад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

Саломату сарбаланд бошед,

ҳамдиёрони азиз!

Возможно, это изображение 2 человека и текст