12-уми ноябр, бахшида ба Рӯзи Президент дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Левакант бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ соати тарбиявӣ гузаронида шуд.
Дар ин дарси худшиносӣ масъулини бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр-Мусоева Бибисоро иштирок намуд.
Соати тарбиявӣ вобаста ба шинохти арзишҳои миллӣ, нақши давлатсозию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Хонандагон бо завқи баланди худшиносӣ дар васфи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шерҳо қироат намуданд.
Омӯзгорон бошанд вобаста ба нақши таърихӣ ва давлатсозию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагон дарси тарбиявию хештаншиносӣ гузаштанд.