Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамасола 6 – уми ноябр дар саросари кишвари азизи мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакатамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, ботантана таҷлил карда мешавад.
Кулли сокинони шарафманди кишварро аз самими қалб ба ин муносибат табрику шодбош гуфта, ба ҳамагон тандурустии комил, хонаободӣ ва дастовардҳои нав ба нав таманно менамоям.
Ин санади муҳими тақдирсози миллат 6 – уми ноябри соли 1994 дар марҳилаи душвор ва барои миллат тақдирсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, имконият фароҳам овард, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу субот барқарор шуда, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ҳукмрон ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст.
Аз ин лиҳоз, ҳамасола ҷашн гирифтани ин санаи муҳим эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосию сарнавиштсози давлат мебошад, ки барои рушду инкишофи кишвари маҳбубамон заминаи қавӣ гузошт. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид”.
Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистони моро зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати худро таҳия ва қабул намояд. Қабл аз ҳама, зарурият ба миён омада буд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуни асосӣ эълон ва расмӣ гардонида, мақсаду мароми мардуми кишварамон, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ин санади тақдирсоз дарҷ карда шавад.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз бо майлу иродаи хеш маҳз чунин сохти давлатиро интихоб намуданд.
Конститутсия дар ҳақиқат ҳам, ифодагари иродаи халқи кишварамон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона иштирок кард ва онро бо аксарияти овози худ қабул намуд.
Бояд зикр кард, ки дар он солҳое, ки Тоҷикистон дар вазъи буҳрони шадиди сиёсату иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин ҳуҷҷати ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои аз нобасомониҳо раҳонидани кишвар нақши басо ҳалкунанда бозид.
Конститутсияи кишвари мо санади тақдирсозу роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки онро бояд азизу муқаддас шуморем ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорем.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди кишварамон дар оянда ҳам ҷиҳати амалӣ гардидани меъёрҳо ва арзишҳои Конститутсия саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор ба он мекунад, ки ҳушёриву зиракиро ҳеҷ гоҳ аз даст надода, истиқлолу озодии кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, кӯшишу талоши худро ба хотири боз ҳам мустаҳакам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона карда, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам шукуфону пешрафта гардонем.
Бори дигар сокинони сарбаланди кишвари азизамон Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустии комил, пешрафт ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!