Тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ иборат аз мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, бахши фарҳанг, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти ичроия, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, масъулини Маркази ТТҲС, Маркази пешгирии ВНМО ва дигар фаъолон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони бахши фарҳанг ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар толори китобхонаи марказии шаҳрӣ суҳбатвохӯрӣ гузарониданд.

 

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ гуфта шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар ин замина оид ба пешбурди манфиатдори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд. Иҷрои т амоми дастуру супоришҳои Пшвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи кори ҳамарӯзаи мо сокинон бошад.

Инчунин ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъулаҳои доғи рӯз таваҷҷуҳ намуда, пешгирии онро ба манфиати давлату ҷомеа ҳисобиданд.

Гуфта шуд, ки пешгири аз экстремизму терроризм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, ҷиноятҳои гуногун, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб), пешгири аз бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, бедор намудани завқи китобхонию китобдӯстии ҷавонону наврасон ва умуман аҳли ҷомеа, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва маърифати ҷавонон вазифаи ҳар як фаъоли ҷомеа мебошад, ки дар ин самт бояд аҳли ҷомеа бетараф набошанд.