ЛЕВАКАНТ: ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-БАРНОМА, НАҚША ВА АМАЛ

.

Имрӯз 25-уми январ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ” бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Ҳайати гурӯҳи корӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Шарифи Бобосафар Ғанизода, раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Манучеҳр Саидқулов, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло ва дигар фаъолон иштирок ва суханронӣ карданд.

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Шарифи Бобосафар Ғанизода зимни баромади худ иброз дошт, дар паёме, ки Пешвои миллат 28-уми декабри соли 2024 ироа намуданд, саршори нуктаҳои муҳим, фикрҳои нав, тарҳҳои стратегӣ, пешгӯиҳои илмӣ ва маслиҳатҳои роҳнамо дарҷ шуданд. Пешвои миллат бо диққат камбуду муваффақиятҳои солонаро дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳангу маориф таҳлил карда, барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ дастуру супоришҳои муфид доданд. Аз таҳлил ва маълумотҳое, ки дар паёми имсола баён шуданд, бармеояд, ки фаъолияти яксолаи ҷомеаи Тоҷикистон қаноатбахш ва умедбахш мебошад.

Инчунин Шарифи Бобосафар Ғанизода иброз дошт, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат ба масъалаи зарурати тарбияи кадрҳои баландихтисос таваҷҷӯҳи махсус доданд ва аҳли маорифро ба ин масъала ҷалб намуданд. Муайян гардид, ки сарнавишт ва сарбаландии миллатҳо дар ҷаҳони муосир ба технологияҳои электронӣ ва истифода аз ҳуши маснуъӣ вобаста аст. Миллатҳое, ки дар ин соҳаҳо рушд накунанд, дар оянда ва дар тасмимгириҳои низоми байналмилалӣ ҷойгоҳе нахоҳанд дошт.

Ба ин далел, барои тавсеа додани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. Дар Паём ишора шуд, ки Ҳукумат барои амалӣ намудани ин тарҳ чораҳои зарурӣ ва иловагиро низ пешбинӣ кардааст.

Дар ин замина, тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои мазкур дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ин донишгоҳ дар оянда пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисон дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хоҳад шуд.

Ҳамзамон дар масъалаҳои доғи рӯз ва гирифтани пеши роҳи хатарҳои ҷаҳони муосир аз тарафи гурӯҳи корӣ андешарониҳо сурат гирифт.

Гуфтан ба маврид аст, ки мо бояд аз Паёми Президент ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дарс гирифта, баҳри ободии халқу Ватан ва мардуми сайёра саҳми сазовор гузорем. Дар нахустин рӯзҳои соли 2025, бо чунин Паёмҳои муждарасону илҳомбахши Президенти муҳтарами кишвар, ки аз фарзонагону ҷасурони миллат ва ҳомии забону фарҳангу илму дониш мебошанд, ба худ чизе бардошта бошем ва дар партави сулҳу созандагиву шоистасолорӣ Ватанро озоду ободу ором нигоҳ дорем.