МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӣ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

.

 ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР

  1. Мудири бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳр - 1 ҷой, маоши мансаби -2560,25 сомонӣ.

               

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР;

  1. Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансаби - 1902 ,40 сомонӣ.

ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ

МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ;

  1. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, маоши мансаби - 1728,40 сомонӣ,
  2. Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз ва кишоварз)-и Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»- 1 ҷой, маоши мансаби -1728,40 сомонӣ ,
  3. Сармутахассис оид ба соҳаи омор дар Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, маоши мансаби - 1728,40 сомонӣ
  4. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, маоши мансаби - 1728,40 сомонӣ маоши мансаби - 1415,20 сомонӣ ,
  5. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъаи Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, маоши мансаби - 1415,20 сомонӣ ,
  6. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи сохтмонӣ Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой,
  7. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» - 1 ҷой, маоши мансаби – 1728,40 сомонӣ ,
  8. Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз ва кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»- 1 ҷой, маоши мансаби -1728,40 сомонӣ ,
  9. Мутахассис пешбар нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»- 1 ҷой, маоши мансаби - 1415,20 сомонӣ ,
  10. Мутахассис оид ба соҳаи омор дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» - 1 ҷой, маоши мансаби - 1415,20 сомонӣ
  11. Сармутахассис -сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой, маоши мансаби – 1728,40 сомонӣ ,
  12. Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой, маоши мансаби - 1728,40 сомонӣ ,
  13. Мутахассис пешбари нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти «Гулистон»- 1 ҷой, маоши мансаби - 1415,20 сомонӣ.
  14. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти «Гулистон»- 1 ҷой, маоши мансаби - 1160

ЛЕВАКАНТ: КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ДОИРАИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

.

Ҳамасола санаи 7-уми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад. Бо ин муносибат 5-уми апрел, табибони Беморхонаи марказии шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба аҳолӣ хизматрасонии ройгон гузарониданд. Дар ин рӯз аҳолӣ тавонистанд аз машварату муоина ва ташхиси ройгони мутахассисони соҳаи тиб бархурдор гарданд.

ЛЕВАКАНТ: ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОҲТУРОБОД”

.

Имрӯз 5-уми апрел, масъулин ва меҳнаткашони хоҷагии тухмипарварии “Боҳтуробод” ба кишти пахта оғоз карданд.

Дар оғози кишти пунбадона раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, масъулини соҳаи кишоварзӣ, барзгарону меҳнаткашон иштирок намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ҶОМИ МУСОБИҚА НАСИБИ ВАРЗИШГАРОНИ ЛЕВАКАНТ ШУД

.

Дар замони сохибистиқлолӣ бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумхурӣ намудҳои гуногуни варзиши техникӣ аз ҷумла варзиши пойгаи мотосиклронӣ рушду равнақи бештар ёфта истодааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии пойгаи мотосиклронӣ мебошад, ки бо ташаббуси Ташкилоти мададгори мудофиа дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон доир гардид.

Дар расми оғози мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ роҳбарияти Вазорати Мудофиа, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Ташкилоти мададгори мудофиа изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумати ҷумхурӣ ба рушди бемайлони соҳаи варзиш диққати ҷиддӣ дода, нисбати варзишгарони ҷавон ва боз ҳам ривоҷу равнақи тоза ёфтани варзиш дар саросари ҷумхурӣ ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

ЛЕВАКАНТ: ИФТИТОҲИ КУМИТАИ ШАҲРИИ ТҶММ

.

Боиси фараҳмандист, ки дар партави сиёсати созандагию бундёкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Левакант бо тамоми шароиту имконият мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти Вазорати Мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иштирок доштанд.