ЛЕВАКАНТ: АЁДАТ ДАР АРАФАИ РАМАЗОН
Имрӯз 28-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, собиқадори соҳаи тандурустӣ, маъюби гурӯҳи 1, Холов Эмомалӣ ва хонаводаи афсари зиндаёд Давлатҷон Гиёев, ки дар муноқишаҳои Рашт зимни адои вазифаи хизмати мардонавор ҳалок шуда буд, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аёдат ва кумак карда шуданд.
Султонов Ҳикматулло раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат ва Бароталиев Сафар раиси Ташкилоти «Сипарони Ватан» дар шаҳр, зимни аёдат, бори дигар аз ҳолу аҳвол ва вазъи зиндагии хонаводаи эшон хабар гирифтанд.
Боиси зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси МИҲД-и шаҳр ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша, оилаҳои ниёзманд, шахсони маъюбу бемор ва дигар шахсони эҳтиёҷманд дар моҳи шарифи Рамазон аёдат ва кумакрасонӣ хоҳанд шуд.


