ЛЕВАКАНТ: РӮЗИ «ДАРҲОИ КУШОД» ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЛЕВАКАНТИ ДБССТ
27-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рӯзи «Дарҳои кушод» эълон гардид.
Дар ин рӯз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Левакант ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мувофиқ ба эълони Донишкада дар рӯзи «Дарҳои кушод» иштирок намуда, аз шарту шароити таҳсил дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ оошно гаштанд.
Дар ин чорабинӣ довталабон аввал дар Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ, ба давраи ҷавонӣ ва таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат тариқи расму хотираҳо ошно гашта, сипас аз шарту шароити кафедраи ҳарбӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, лабараторияҳо, синфхонаҳои таълимӣ ва дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни факултаҳои Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ дидан намуданд.
Сипас дар толори фарҳангии Донишкада, ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд дар хусуси Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ ва заминаи мусоиди рушди касбияти сатҳи байналмилалӣ баромад намуда, иброз дошт, ки Донишкадаи мазкур мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазирро омода менамояд.
Ҳамзамон донишҷӯёни Донишкада оид ба масъалаҳои раванди таълим ва имкониятҳои рушди касбият дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ баромад намуда, бори дигар фаъолияти кунунии Донишкадаро муаррифи карданд. Виктаринаи зеҳнии саволу ҷавоб аз тарафи донишҷӯён ва ташкили барномаи фарҳангӣ барои меҳмонону довталабон яке аз бахшҳои ин чорабинӣ буд, ки дар сатҳи хеле хуб ташкил ва гузаронида шуд.
Маъмурияти Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ аз довталабон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми интихоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 406-ро дар ҷойи аввал гузоранд. Зеро ин Донишкада мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазирро омода менамояд.