ЛЕВАКАНТ: АКСИЯИ ТАБЛИҒОТӢ
27-уми апрел, тибқи нақша-чорабиниҳои якҷояи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Аксияи таблиғотии пешазинтихоботӣ гузаронида шуд.
Дар ин Аксия масъулини бахши кор бо занон ва оила, мутахассисони Маркази пешгирии ВНМО, Маркази ТТҲС ва дигар фаъолон ба сокинони шаҳр, варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.




