ЛЕВАКАНТ: ИНТИХОБОТ-БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН!

.

27-уми феврал, бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ ва муаррифии номзади пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, аз ҳавзаи интихоботии №15, Шарифзода Садриддин дар МТМУ №3-и деҳаи Вахш бо сокинони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» баргузор гардид.

Шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии Шарифзода Садриддин аз ҷониби шахсони боваринокаш муарифӣ карда шуд.

 

Номзади пешбаригардида дар назди халқ баромад намуда, ҷиҳати саҳмгузории худ доир ба пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ибрози назар намуда, дар назди мардум ваъда дод, ки дар ободонии маҳал ва некуаҳволии сокинон ҳиссаи худро мегузоранд.

Инчунин аз ҷониби валантиёрони ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ба сокинон иттиловарақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.