ЛЕВАКАНТ: ИНТИХОБОТ-БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН!

.

27-уми феврал, вохӯрӣ ва муаррифии номзад аз ҲХДТ ба викилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Муминзода Мастура Табарӣ, бо интихобкунандагон сокинони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ва дар назди МТМУ-и №3-и деҳаи Вахш баргузор гардид.

Муминзода Мастура Табарӣ-номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Левакант №11, бо интихобкунандагони худ вохурӣ намуд. Шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии Муминзода Мастура Табарӣ аз ҷониби шахсони боваринокашон муарифӣ карда шуд.

 

Номзади пешбаригардида ба викилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Муминзода Мастура Табарӣ дар назди халқ баромад намуда, ҷиҳати саҳмгузории худ доир ба пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ибрози назар намуда, дар назди мардум ваъда дод, ки дар ободонии маҳал ва некуаҳволии сокинон ҳиссаи худро ҳамчун вакил мегузоранд.

Инчунин Муминзода Мастура Табарӣ аз ҳавзаҳои интихоботӣ дидан намуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ интихобот дар шаҳри Левакант, тавсияҳо доданд.