ЛЕВАКАНТ: САБЗКОРӢ, ТОЗАГИЮ ОБОДОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ БАҲОРУ НАВРӮЗ
Фасли зебои сол баҳор паси дарҳои мо ҳасту то омаданаш фурсати ниҳоят кам дорем. Ин фасли зебои сол, аз инсоният ниҳолшинонию сабзкорӣ, тозагию ободониро талаб мекунад.
Барои истиқболи баҳору Наврӯз бо ташаббуси Мақоми иҷроияи ҳокимияти шаҳри Левакант баҳри тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр, гулшинонию сабзкорӣ ва омодагии ҳамаҷониба шанбегии умумишаҳрӣ эълон шудааст, ки ҳамарӯза бо фурсат додани вақт кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар ин ҳашарҳои дастаҷамъи иштирок мекунанд.
Масъулин ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳаҳои маорифу тандурӯстӣ, соҳаҳои иқтисоду кишоварзӣ, махсусан Беморхонаи марказӣ, Муассисмаҳои КАТС, ҶСК “Ориёнбонк”, Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр, АСИН ва тамоми сокинони шаҳр, барои тозагию ободонии шаҳри Левакант ҳиссаи худро мегузоранд.
Мақсад аз ташкили чунин шанбегиҳо ин тозагии муҳити зист аз ҳар гуна партов, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим, тозаю озода нигоҳ доштани назди биноҳои маъмурии корхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шаҳр мебошад.




