ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ЛИТСЕЙИ №1

.

Тибқи нақша-чорабинии бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Литсейи давлатии №1-и шаҳр, маҷлиси васеи падару модар гузаронида шуд.

Дар маҷлис мудири бахши маорифи шаҳр-Раҳимов Файзулло, директори Литсей Муминова Муқаддас ва падару модарон иштирок намуданд.

 

Мақсади баргузории маҷлиси падару модар, ба хотирии ҳамоҳангии волидайн бо мактаб, гирифтани пеши роҳи қоидавайронкуниҳо дар мактаб, давомоти хонанда, риояи талаботҳои талабагӣ, пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷиноят ва дигар амалҳои номатлуб буда, масъулин ва волидайни хонандагон муроҷиат намуданд, ки барои тарбияи фарзандон ва ташкили ҷомеаи солим робитаро бо мактаб зичтар ба роҳ монанд.