ЛЕВАКАНТ: СОБИҚАДОРОН ҲАМЕША ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲАНД

.

Имрӯз 26-уми феврал, бо дастгириии Мақомоти иҷроияи ҳкомияти давлатии шаҳри Левакант, ду собиқадори меҳнати шаҳр аёдат карда шуда, ба онҳо ҳамчун кумаки яквақтаина маводи ғизоӣ расонида шуд.

 

Раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-Бароталиев Сафар зимни аёдат аз ҳолу аҳволи собиқадорон пурсон гашта, гуфтанд, ки ҳар як хизмату заҳмати онҳо мавриди таваҷҷуҳи махсуси давлату ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шҳри Левакант мебошад. Ва дар ҳар иду ҷашн, рӯзҳои таърихӣ ҳатман аёдат ва кумакрасонӣ хоҳанд гашт.