ЛЕВАКАНТ: ИНТИХОБОТ-БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН!
26-уми феврал, бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ ва муаррифии номзадҳои пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, бо интихобкунандагони ҳавзаҳои муайянгашта бо сокинони маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» баргузор гардид.
Эмомов Ҳасан-номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №14, Ғоибова Дилрабо-номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №13, бо интихобкунандагони худ вохурӣ намуданд. Шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо аз ҷониби шахсони боваринокашон муарифӣ карда шуд.
Номзадҳои пешбаригардида дар назди сокинон баромад намуда, ҷиҳати саҳмгузории худ доир ба пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ибрози назар намуда, дар назди мардум ваъда доданд, ки дар ободонии маҳал ва некуаҳволии онҳо ҳиссаи худро мегузоранд.




