ЛЕВАКАНТ: ИҚДОМИ ШОИСТА БА СОБИҚАДОРОН

.

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар «ЧОЙХОНАИ СОБИҚАДОРОН» ба собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан», аъзоёни Ташкилоти ҷанговарони башардӯст дастархони идона ороста, онҳо сарҷамъ карда шуданд.

 

Собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, аз дастгириҳои доимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, аз Истиқлолияти комили кишвар, осудагии сокинони мамлакат, сулҳу суботи комил дар тоҷикистон, ободии диёр шукрона карданд.

Бояд гуфт, ки собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, ҳамеша дар тарбияи маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон саҳми худро гузошта, дар тамоми чорабиниҳо фаъолона иштирок ва ҳиссагузорӣ мекунанд.

Боиси зикр аст, ки собиқадорони ҷангу меҳнат, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан», ҷанговарони башардӯст ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант мебошанд. Дар арафаи ҳар иду ҷашн ва рӯзҳои таърихӣ онҳо аз тарафи Мақомоти иҷроия, қадршиносию туҳфагузорӣ мешаванд.

 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 6