ЛЕВАКАНТ: ИНТИХОБОТ-БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН!

.

24-уми феврал, бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ ва муаррифии номзадҳои пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, бо интихобкунандагони ҳавзаҳои муайянгашта дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» баргузор гардид.

 

Вализода Бахтиёр- номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №24, Боронов Файзиддин-номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №29, Баротов Умед- номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №30, Давлатзода Нурали- номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №31, Валиев Сироҷиддин-номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз ҳавзаи №33, бо интихобкунандагони худ вохурӣ намуданд. Шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо аз ҷониби шахсони боваринокашон муарифӣ карда шуд.

Номзадҳои пешбаригардида дар назди халқ баромад намуда, ҷиҳати саҳмгузории худ доир ба пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ибрози назар намуда, дар назди мардум ваъда доданд, ки дар ободонии маҳал ва некуаҳволии онҳо ҳиссаи худро мегузоранд.