ЛЕВАКАНТ: КУМАК, ДАСТГИРИ ВА АЁДАТ ДАР АРАФАИ РӮЗИ АРТИШ

.

Дар арафаи Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Шарифӣ Бобосафар Ҳамидзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Ҳикматулло Султонов, раисти Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-Бароталиев Сафар ва дигар масъулин ба хонаводаи хизматчии ҳарбӣ Ибодуллои Убайдулло аз ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва сарбози қаторӣ Мирзоев Бахтовар аз ҷамоати деҳоти «Гулистон», ки зимни адои хизмат дар муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон қаҳрамонона ҳалок шудаанд рафта аёдат намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба оилаҳои онҳо кумакҳои модию молӣ расонида шуд.

 

Дар идомаи ҳамин тадбир раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин ба аёдати адиби шаҳр, собиқ хизматчии ҳарбӣ Алиҷони Сарбандӣ ва чанде аз хизматчиёни маҷруҳу собиқадори шаҳр рафта онҳоро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, барояшон кумакҳои яквақтаинаи молию пулӣ расониданд.

Чунин иқдом аз ҷониби тамоми ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ идома ёфта, собиқадорони меҳнат, хизматчиёни ҳабие, ки зимни адои вазифа ҷароҳатҳо бардоштаанд аёдат ва кумак карда шуданд.