ЛЕВАКАНТ: РЕЙДИ ПЕШГИРИ АЗ МУШКИЛОТИ РОҲУ НАҚЛИЁТ
21-уми феврал, тибқи супориши раиси шаҳри Левакант, ҷиҳати батартибдарории роҳу нақлиёт, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, масъулини БДА-и ШВКД дар шаҳри Левакант, масъулини ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва дигар шахсони масъул гурӯҳи корӣ ташкил шуда, дар кӯчаи марказӣ бо ронандагони нақлиёти мусофирбари такси ва автобусу микроавтобусҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Масъулин ба ронандаҳои нақлиёти мусофирбар таъкид доштанд, ки минбаъд мусофиронро аз ҷойҳои муайянгашта савор намуда, тамбашавӣ ва дигар мушкилоти роҳу нақлиётро ташкил накунанд. Таъкид шуд, ки дар сурати риоя нашудани талаботҳои мусофиркашонӣ аз ҷониби сохторҳои зиддахл чораҳои зарурӣ андешида мешавад.




