ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
21-уми феврал, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Левакант, бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ-раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ тамоми иштирокдоронро ба 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Муминзода Мастура дар баромади худ зикр кард, ки дар оғози соҳибистиқлолии мамлакат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зери як хайма таъсис ёфта, имрӯз бо ҳазорон афсару хизматчии ҳарбӣ қувваи бузургро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар ин чорабинии тантанавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ба як қатор роҳбарону кормандони фаъоли ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст ва онҳое, ки дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ нақш доштанд бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии идонаи омодакардаи аҳли ҳунару фарҳанги шаҳр тақдими меҳмонону иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.




