ЛЕВАКАНТ: НАЗДИ БИНОИ КАТС ГУЛЗОР МЕГАРДАД
20-уми феврал, дар мавсими гулшинонию кабудизоркунӣ, масъулин ва кормандони Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, дар назди бино ва ҳавлии Шуъбаи марказии Кумаки авалияи тиббию санитарии шаҳр, тариқи ҳашари дастаҷамъона кабудизоркунию гулшинонӣ карданд.
Дар ин рӯз онҳо беш аз 400 гулҳои ороишии плинтус, серенаи ҳиндугӣ, кашиан ва дигар гулу буттаҳоро шинонида ба саҳни бинои корхонаи худ зеби дигар бахшиданд.
Дар ин бора роҳбари Муассисаҳои КАТС-и шаҳр-Ғуломов Баҳодур хабар дода афзуд, ки то охири мавсими кабудизоркунӣ ният доранд боз ҳам гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, саҳни бинои худро ободу зебо гардонанд. Инчунин ӯ гуфт, ки дар ин баробар дар бунгоҳҳои тиббии деҳотӣ низ кабудизоркунию гулшинонӣ ва ободонӣ идома дорад.




