ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ СОБИҚАДОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ, бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, яке аз собиқадори меҳнат Сардор Ёдгоров аёдат шуда аз ҷониби КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Левакант ба ӯ кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Сардор Ёдгоров корманди соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва андоз шуда солиёни зиёд фаъолияти пурсамари давлатӣ намудааст. Имрӯз бошад даврони пири меронаду ҳанӯз ҳам фарзандону наберагон ва ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят менамояд.
