ЛЕВАКАНТ: ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-РУШДИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ КИШВАР
Ҷиҳати омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд» маҷлис гузаронида шуд.
Сармуҳарири рӯзнома Ашуров Орзу ба кормандон муроҷиат карда иброз дошт, ки чун ҳамеша, Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ба таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 5 соли охир ва соли гузашта дар алоҳидагӣ, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти кишвар, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шудааст. Паём албатта ҳама самтҳои рушди ҷомеа: сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида дар рушд, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои ҷаҳон ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дар бар мегирад ва наметавон дар як суҳбат, вохӯрӣ ё мақола оид ба ҳамаи онҳо баёни назар кард. Аз ин рӯ, мо ҳайати эъҷодӣ бояд фикру андешаҳои худро оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат аз нуқтаи назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда, дар хабару гузориш ва мақолаҳо манзури хонандаву бинанда гардонида, дар ин самт рисолати худро ҳамчун рӯзноманигор иҷро намоем.
Ҳамзамон дар ин маҷлиси идоравӣ аз тарафи сармуҳаррир, таъкид шуд, ки ҳар як нуктаи Паёми Президент бояд муфассал ба табъ расида манзури хонандаҳо гардонида шавад. Чун ки Паёми Президенти кишвар барномаи кории солонаи ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баҳри рушди минбаъдаи кишвар ва некаҳволии сокинони мамлакат таъсири ниҳоят хуб мерасонад.

