ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШ
Бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, бахшида ба 32-солагии Артиши миллӣ, собиқадороне, ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доранд аёдат шуда, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва ҶСК «Ориёнбонк» кумаки яквақтаинаи ғизоӣ ва туҳфагузорӣ карда шуданд.
Раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, директори ҶСК "Ориёнбонк"-Боронов Муҳаммадусмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода ва дигар фаъолон зимни ин аёдат бо собиқадорони ҷангу меҳнат суҳбат намуда, аз вазъи зиндагӣ ва ҳолу аҳволашон пурсон гаштанд.
Бояд гуфт, ки чунин аёдат, дидорбинӣ ва кумаку дастгириҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба шахсони маъюбу ниёзманд, дар арафаи ҳар иду ҷашн ва рӯзҳои таърихӣ аз тарафи МИҲД-и шаҳри Левакант ва ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ анҷом дода мешавад.




