ЛЕВАКАНТ: ЧОРАБИНИИ ҲАРБӢ ВАРЗИШИИ "ВАТАНПАРВАР" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, рушд додани малакаву истеъдодҳои онҳо ва ба ин васила ҷалб намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хатмкунандагони синфҳои болои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва 11-и шаҳр, чорабинии ҳарбӣ - варзишии “Ватанпарвар” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант Сафарзода Шодихон, мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Левакант Юсупов Хайриддин, намояндаи КШ ТҶММ-и шаҳри Левакант иштирок намуданд. Дар охири чорабинии ҳарбӣ-варзишии "ВАТАНПАРВАР" аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант ба иштирокдорони озмун ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.




