ЛЕВАКАНТ: ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ
5-уми апрел, дар яке аз мавзеҳои сайёҳӣ ва зебоманзари деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он чорабинии идонаи Наврӯзӣ гузарониданд.
Дар ин чорабинӣ директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майор-Назирзода Сабзалӣ, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, шоири халқии Тоҷикистон-Муҳаммад Ғоиб ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Дар оғоз роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон аз намоиши таомҳои миллӣ ва суфраҳои ҳафтсину ҳафтшини наврӯзии зерсохторҳои Агентӣ дидан намуданд.
Сипас Назирзода Сабзалӣ-директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммат Ғоиб тамоми иштирокдоронро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуданд. Эшон дар нутқи сухани табрикии худ баён доштанд, Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшандагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои Наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд.
Сипас аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини ҳунарӣ бо суруду таронаҳои Наврӯзӣ манзури меҳмонону тамошобинон гардид.
Ҳамзамон як зумра ҳунармандони шинохтаи тоҷик чорабинии наврӯзиро бо суруду таронаҳои дилнишини худ боз ҳам ҳусну ҷилои тозаи идона бахшиданд.