ЛЕВАКАНТ: ИФТИТОҲИ КУМИТАИ ШАҲРИИ ТҶММ

.

Боиси фараҳмандист, ки дар партави сиёсати созандагию бундёкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Кумитаи шаҳрии ТҶММ дар шаҳри Левакант бо тамоми шароиту имконият мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти Вазорати Мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иштирок доштанд.

 

Тибқи лоиҳа бинои мазкур аз хуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои машғулиятҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, сохтори автомобил, мошинсаворӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон ва дигар шароити лозимӣ иборат аст. Машқгоҳи мошинронӣ низ дар наздикии бино қарор дорад, ки барои босифат омода намудани мутахассисон мусоидат мекунад.

Мавриди истифода қарор гирифтани ин бино имкон фароҳам меорад, ки кормандон ва касбомӯзон дар шароитҳои беҳтари хизматӣ ва таълимӣ фаъолият намоянд ва соҳиби касб шаванд.

Ба итмом расидани сохтмони бино барои тайёр кардани мутахассисон ва баланд бардоштани донишу малакаи наврасону ҷавонон дар раванди тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ кўмак хоҳад расонид.

Ба роҳ мондани корҳои оммавӣ мудофиавӣ ва пешбурди фаъолиятҳои вобаста ба тарбияи харбӣ - ватандӯстии наврасону ҷавонон бе ширкати ҳамоҳанги ҳамаи мақомотҳои масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаи дилхоҳ дар пай нахоҳад дошт. Аз ин ҷост, ки ба воя расонидани ватандӯстони асил, муҳофизони шўҷоатманди оромию суботи Ватан, бо афкори ҳарбӣ ошно сохтани онҳо, балан бардоштани шуури мудофиавиашон, дар маҷмўь саҳмгузории ҳамаи сохторҳои дахлдори давлатиро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ тақозо дорад.

Чунин роҳу усули ҳадафманду пурсамари ҳамкорӣ дар шаҳри Левакант миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳр ба роҳ монда шудааст, ки таҷрибаи омўзанда ва ибратбахш аст.

Маҳсули чунин иттифоқ, амал ва кори ҳамоҳангонаву ҳамкории судманд аст, ки имрӯз дар миқёси шаҳр раванди тарбияи ҳарбӣ - ватандўстӣ, омода намудани ҷавонони синни тодаъватӣ барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, рушди намудҳои ҳарбӣ- техникии варзиш ҷавобгўи ниёзҳои замон ва мутобиқ ба дастуру талаботҳои мавҷуда бомаром ва умедбахш ҷараён дорад.

Сохтору идораҳои шаҳри Левакант дар чорабиниҳои оммавӣ - мудофиавӣ ва варзишии баргузор намудаи ҷамъияти мудофиавии шаҳр бевосита иштирок намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани онҳо ҳиссагузориҳои арзандаро анҷом медиҳанд, ки ҷойи сипосгузорист. Чунин амали онҳо намунаи волои таваҷҷуҳи ватандўстона ва ғамхории дурандешона нисбати насли наврасу ҷавон - муҳофизону созандагони ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ба Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Левакант бонуи муваффақ ва ботадбир Гулшан Fуломова сарварӣ намуда, аз рӯи нишондодҳои фаъолияти кории солона, ки он доимо мақоми намоёнро соҳиб гардида, ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти сатҳи ҷумхуриявии ташкилот мавриди қадрдонӣ қарор мегирад.

Бо ташаббусу иқдомҳои ватандӯстона бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои созмони мудофиавии шаҳри Левакант маҷмӯи корҳои оммавӣ мудофиавӣ, тадбирҳои марбут ба тарбияи ҳарбӣ-ватандустӣ ва рушду инкишофи намудҳои харбӣ - амалӣ ва техникии варзиш дар ҳудуди шаҳр ба марҳилаи рушди устувор ба нафъи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвари сохибистиқлоламон ворид гардида, ба беҳдошти татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои вогузоршуда мусоидат хоҳад намуд.