ЛЕВАКАНТ: ҶОМИ МУСОБИҚА НАСИБИ ВАРЗИШГАРОНИ ЛЕВАКАНТ ШУД

.

Дар замони сохибистиқлолӣ бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумхурӣ намудҳои гуногуни варзиши техникӣ аз ҷумла варзиши пойгаи мотосиклронӣ рушду равнақи бештар ёфта истодааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии пойгаи мотосиклронӣ мебошад, ки бо ташаббуси Ташкилоти мададгори мудофиа дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон доир гардид.

Дар расми оғози мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ роҳбарияти Вазорати Мудофиа, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Ташкилоти мададгори мудофиа изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумати ҷумхурӣ ба рушди бемайлони соҳаи варзиш диққати ҷиддӣ дода, нисбати варзишгарони ҷавон ва боз ҳам ривоҷу равнақи тоза ёфтани варзиш дар саросари ҷумхурӣ ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

 

Соҳибистиқлол гардидани ҷумхурии азизамон баробари дигар соҳаҳо ба рушду инкишофи намудҳои гуногуни соҳаи варзиш, аз ҷумла навъҳои ҳарбӣ-техникии варзиш низ имкониятҳои мусоид фароҳам овард.

Дар мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ дастаҳои шаҳрхои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант, Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин варзишгарон аз Ҷумхурии хамсояи Узбекистон низ дар ин пойгаи мотосиклронӣ ширкат варзиданд.

Аксарияти варзишгаронро дар ин чорабинӣ ҷавонон ташкил медоданд. Нахуст даври санҷишӣ сурат гирифт. Сипас сабқат барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон, 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифт.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол теъдоди дастаҳои дар мусобиқаи пойгаи мототсиклронӣ ширкаткунанда афзоиш меёбад. Инчунин сафи мухлисону дӯстдорони ин намуди ҷолиби варзиши техникӣ миёни аҳли ҷомеа торафт зиёд шуда истодааст.

Ҷиҳати рушди намудҳои ҳарбӣ-техникии варзиш дар Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имконияти пурра мавҷуд аст.

Бо супориши роҳбарияти ташкилот нақшаи баргузории машқу тамринҳои мотосиклронӣ барои варзишгарони ин намуди варзиш тасдиқ гардида, миқдори зарурии сузишворӣ ҷудо гардида, шахсони масъул барои назорати доимӣ ва босифат ба роҳ мондани ин самти фаъолият вазифадор карда шуданд

Мотосиклронӣ ҳамчун навъи ҳарбӣ - техникии варзиш аз варзишгар малакаи баланди рондан, суръатнокӣ ва чолокӣ дар идоракунии онро тақозо дорад. Моҳияти асосии ин навъи варзиш бедор намудани шавқу завқи наврасону ҷавонон нисбати техника ва барои рондани воситаҳои техникии калонҳаҷм омода намудани онҳо ба шумор меравад.

Барои дар сатҳи хеле хуб ташкил ва баргузории ин чорабинии варзишӣ раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳое, ки саҳм доштанд бо Сипосномаи КМ ТҶММ қадршиносӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ мотосиклронҳои варзида ва ботаҷриба маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо чолокиву малакаи идора кардани воситаи нақлиёти варзишӣ тавонистанд миёни мухлисон маҳбубият пайдо намоянд.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳо ва ҳисоби умумидаставӣ дастаи модататсикронони КШ ТҶММ шаҳри Левакант бо гирифтани 322 хол мақоми аввал, дастаи Хатлон ОСТК бо 276 хол мақоми дуюм ва варзишгарони мотосиклрони шаҳри Турсунзода бо 231 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Fолибон аз рўи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медад, диплом ва туҳфаҳои арзишнок кадрдонӣ карда шуданд.

Ҷоми мусобиқ насиби варзишгарони дастаи мотосиклрони КШ ТҶММ-и шаҳри Левакант гардид.

Мотасиклронони шаҳри Левакант, Исмоил Шарипов бо мотатсикли муҳарикаш 500 ва Бахтовари Ҷалил бо мотатсикли муҳарикаш 125 беҳтарин варзишгари ин мусобиқа дониста шуданд.