ЛЕВАКАНТ: ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОҲТУРОБОД”

.

Имрӯз 5-уми апрел, масъулин ва меҳнаткашони хоҷагии тухмипарварии “Боҳтуробод” ба кишти пахта оғоз карданд.

Дар оғози кишти пунбадона раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, масъулини соҳаи кишоварзӣ, барзгарону меҳнаткашон иштирок намуданд.

 

Зимни оғози кишти пахта раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ бо кишоварзону мутахассисони соҳа суҳбат намуда, ба деҳқонон ҷиҳати истифодаи дурусти агротехникаи парвариш, риояи қоидаҳои кишту кор ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳои муфид дод. Ҳамзамон раиси шаҳр як қатор саҳмдорони хоҷагиро барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қадршиносӣ намуд.

Боиси зикр аст, ки хоҷагии тухмипарварии “Боҳтуробод” 64 гектар заминро дар қаламрави ҷамоати деҳоти “Гулистон” ишғол менамояд, ки роҳбарии онро Табаров Абдусалом бар уҳда дораду яке аз хоҷагиҳои пешсаф ба ҳисоб меравад ва дар он беш аз 100 сокинони маҳаллӣ ба парвариши пахта ва дигар зироатҳо машғуланд.

Дар хоҷагӣ тибқи дурнамо 60 гектар тухмии хушсифати майя кишт карда мешавад. Инчунин то ба ҳол меҳнаткашон 2-гектар пиёз, 50 сотиқ картошка ва 1,05 га ғаладонагӣ кишт кардаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади таъмини ҳосили босифат, кишоварзон аз тухмиҳои хушсифату ба иқлими маҳаллӣ мутобиқро истифода мебаранд. Ҳамчунин, барои самаранокии кор техникаи муосири кишоварзӣ ба кор гирифта шуда, тадбирҳои иловагӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо андешида мешаванд.

Оғози кишти пунбадона дар шаҳри Левакант шаҳодати омодагии баланди кишоварзон ба мавсими нави кишоварзӣ ва талоши онҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд мебошад.

Бо татбиқи таҷрибаҳои пешрафта ва дастгирии масъулони соҳа, интизор меравад, ки ҳосили соли ҷорӣ назаррас хоҳад буд.