ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ЛЕВАКАНТ

.

4-уми апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иштироки раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр ва хоҷагидорон дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Зарзамини Леваканти”-и шаҳри Левакант ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба истифодаи навъҳои серҳосили пумбадона, ғалладона, картошка, сабзавот, рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани иқтидори содиротӣ ба меҳнаткашони шаҳри Левакант ҳангоми оғози кишти пахта дастуру тавсияҳо доданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Зарзамини Левакант” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти “Гулистон” аз хоҷагиҳои калонтарин ва серсоҳа маҳсуб ёфта, роҳбарии онро Вализода Бахтиёр ба уҳда дорад. Ҳамасола дар хоҷагӣ дар майдони умумии беш аз 240 гектар пахта, сабзавот аз ҷумла картошкаву пиёз, ҷуворимакка ва ғалладона кишт карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Зарзамини Левакант»-и шаҳри Левакант бо техникаҳои замонавӣ ва бо усулҳои ҷадид, яъне масофа гузоштан дар байни қаторҳо то 90 см пахта парвариш мекунанд. Ин навъи кишти пунбадона чигитро сарфа карда дар як гектар 190-ҳазор ниҳоли пахта нашъунамо меёбад. Тавре маълум гардид айни замон дар хоҷагии мазкур 63 тонна чигити аълосифати навъи Австралиягии навъи якум захира карда шуда, дар хоҷагии мазкур ва дигар хоҷагиҳои ҳамшафат низ аз ҳамин навъи чигит парвариш хоҳанд кард.

Пахта аз маҳсулоти асосии содиротии давлат маҳсуб ёфта, сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ дастур дода шуд, ки кишоварзон тибқи нақша масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ гарданд.

Барои саривақт анҷом додани кишти пунбадона дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Зарзамини Левакант»-и шаҳри Левакант тракторҳои замонавӣ, байниқаторӣ, ду адад тухмипошак, трактор барои коркарди байни қаторҳо мавҷуд буда, фурсати муносиб ҷиҳати дар муҳлати оптималӣ анҷом додани кишти зироат мавҷуд аст. Дар хоҷагии мазкур беш аз 400 нафар саҳмдорон фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар хоҷагӣ ғалладонагиҳо сабзавоти барвақтии картошка ва дигар навъи сабзавот аз ҷумла сабзӣ, пиёз кишт карда шуда, дар 16-гектар низ боғҳои намунавии содиротӣ парвариш мекунанд. Кишоварзони шаҳри Левакант баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти содиротии пахта ва дигар навъи зироату сабзавот талош варзида, кӯшиш мекунанд, ки дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон бозорҳои маркази вилояти Хатлонро бо анвои тару тозаи ғизоӣ таъмин намоянд.