ЛЕВАКАНТ: ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ
Яке аз роҳҳои пешгири аз ҷиноят ва одатҳои бад, ин ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад.
Масъулин ва мураббиёни Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабиниҳои худ, баҳри кам кардани сатҳи ҷиноят, ҷавонону наврасонро ба варзиш, мусобиқаҳои варзишӣ, алалхусус гуштини миллӣ ҷалб сохтаанд.
Дар ин хусус директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр-Ҷаҳонгири Бобоҷон иброз дошт, ки чандест, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти қаламрави шаҳр мусобиқаҳои гуштинро байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ба андешаи ӯ гуштин яке аз бозиҳои дӯстдошта ва миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта шавқмандони зиёд дорад, аз ин хотир ба гуштини миллӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Ва дар ҳамаи деҳаҳо мусобиқаи гуштин тибқи нақша идома меёбад.




