ЛЕВАКАНТ: МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ПЕШГИРИ АЗ КОРРУПСИЯ
3-юми апрел дар маҷлисгоҳи Литсейи касбии саноатӣ-кимиёи шаҳри Леваканти ДБССТ Мизи мудаввар дар мавзӯи “Коррупсия амали касодкунандаи ҷомеа” бо иштироки Олимзода Низора-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Сафарзода Умедҷон, сардори шуъбаи хазинадории раёсати молияи шаҳри Левакант- Зафар Азимзода, ва муҳосибони корхонаву ташколотҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар Мизи мудаввар Олимзода Низора-раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баромад намуда, фикру андешаҳои худро доир ба мавзӯи баррасишаванда иброз дошт. Қайд кард, ки коррупсия яке аз проблемаҳои муҳими ҳалталаби ҷомеаи имрӯза мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи стратегии ҳар як давлат паст кардани сатҳи коррупсия ва пешгирӣ кардани ҷараёни паҳншавии он дар ҷомеа аст.
Дар охири вохӯрӣ иштирокдорон аз Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК”-и ДБССТ дидан намуда, ба давраи ҷавонӣ ва давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ошно гардиданд.




