ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗӢ ДАР НЕРУГОҲ
Имрӯз 3-юми апрел, дар НБО-и Сарбанди шаҳри Левакант, чорабинии идонаи Наврӯзӣ бо шукӯҳу ҷалоли хосса тантана кард.
Дар ин чорабинӣ маъмурият ва кормандони корхона бо руҳияи болидаи идона иштирок намуданд.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, суфраҳои ҳафтсин ва ҳафтшин чорабиниро ҷилои хосса бахшид.
Маъмурият ва меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллие, ки хоси баҳору наврӯз буданд дидан карданд.
Ҳунарнамоии ҳунармандон ва ҷавонони неругоҳ фазои хеле дилчаспу дилнишини идонаро ташкил намуд.
Директори НБО-и Сарбанди шаҳри Левакант-Ғуломзода Ҷамшед Ғулом тамоми кормандон, меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда афзуд, Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои Наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд.
Сипас дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Левакант, бо суруду таронаҳои дилнишини наврӯзӣ ба иштирокдорон фароғат бахшиданд.
Бояд гуфт, ки ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд ва аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, яъне офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд.
Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.
Мо бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳали зист ва шаҳри худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем, чунки ин корҳо нишондиҳанда ва баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд.