ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ТИБҚИ НАҚШАИ ЯКҶОЯ
Имрӯз тибқи нақша-чорабинии якҷоя, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Маркази Ташаккули тарзи ҳаёти солим, бахши муҳоҷират ва Маркази пешгирии ВНМО-и шаҳри Левакант, бо донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ вохӯрию фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Дар ин корҳои таблиғоти мутахассисон вобаста ба пешгирии аксар бемориҳои сироятӣ, бемориҳои гепотитҳои вирусӣ, ВНМО ва беҳдошти саломатӣ муфассал фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки манба ва асоси бемориҳои сироятӣ риоя нагаштани қоидаҳои беҳдоштӣ, даст задан ба одатҳои бад ва амалҳои ғайриахлоқӣ мебошад. Бинобар ин бояд ҳар як инсон аз тамоми одатҳои бад дур гашта саломатии худро ҳифз намояд.
Инчунин аз ҷониби масъулини Маркази ТТҲС ва Маркази пешгирии ВНМО ба донишҷӯён иттиловарақаҳо вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуд.




